Гурӯҳи кории ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ
Рушди Устувор Дар Осиеи Марказӣ

Ҷустуҷӯи иттифоқчиёни нав: Дар конфронси Варшава аз буҳрони механизмҳои кӯҳнаи соҳаи ҳуқуқи инсон гуфтанд

Дар Конфронси байналмилалӣ оид ба андозаи инсонӣ ҳуқуқшиносони Қазоқистон як сайд-ивент баргузор карданд, ки дар он масъалаи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ барои пешбурди ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳадафи мусоидат ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

9 октябр дар Варшава, дар доираи Конфронси солонаи андозаи инсонӣ, ки бо дастгирии раёсати Финландия дар САҲА ва Бюро оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) баргузор гардид, сессияи алоҳида таҳти унвони «Пешбурди ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути созмонҳои байналмилалии рушд, шаффофият ва амният» баргузор шуд. Ташкилкунандагони сайд-ивент Бюрои байналмилалии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ва Гурӯҳи кории созмонҳои ғайриҳукуматии Осиёи Марказӣ оид ба рушди устувор буданд. Модератори вохӯрӣ коршинос-машваратчии асосии Бюро Евгений Жовтис буд.

Дар ифтитоҳи ҷаласа ҳуқуқшиноси қазоқ як санаи муҳими ҳуқуқбунёдиро, ки 1 августи соли ҷорӣ ҷашн гирифта шуд, хотиррасон кард: маҳз панҷоҳ сол пеш, 1 августи соли 1975, дар ҳамоиши амнияти Аврупо дар шаҳри Ҳелсинки Санади машҳури Ҳелсинки қабул шуда буд. Ин ҳуҷҷат аз се «сабад» иборат буд: яке ба амнияти байналмилалӣ, дигаре ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва саввумӣ ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандӣ бахшида шуда буд.

– Аз миёни ин се сабад муҳимтаринаш маҳз саввум буд, зеро бе волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон аз ҷониби давлатҳо на амнияти ҷаҳонӣ таъмин мешавад, на рушди иқтисодӣ ва на ҳамкории байнимамлакатӣ, – гуфт Евгений Жовтис.

Ба вазъи кунунӣ ишора карда, ӯ зикр кард, ки Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Шӯрои Аврупо (ПАСЕ) ва САҲА аз нигоҳи таъсиррасонӣ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳое, ки волоияти қонун коста ва тамоюлҳои зиддидемократӣ ҳукмронанд, ба буҳрони ҷиддии самаранокӣ рӯбарӯ шудаанд. Ҳуқуқшиносони қазоқ қайд мекунанд, ки фаъолияти адвокатии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон рӯз ба рӯз камтаъсиртар ва ноумедкунанда шудааст.

– Ҳамзамон масъалаҳои ҳуқуқи инсон, ҳифзи фазои фаъолиятҳои шаҳрвандӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар солҳои охир дар ҳуҷҷатҳои бонкҳои рушд ва созмонҳое, ки ба рушд, шаффофият ва амният мусоидат мекунанд, ҳарчи бештар инъикос меёбанд. Дар ин робита мо – гурӯҳи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо шариконамон аз бунёдҳои пуштибонии ҷомеаи боз, Гурӯҳи корӣ оид ба рушди устуворро таъсис додем, ки ҳадафи асосии он пешбурди ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, – изҳор дошт Евгений Жовтис.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки аъзои Гурӯҳи корӣ ҳуҷҷатҳои Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ва Бонки рушди Осиёро мавриди таҳлил қарор дода, шароити ҳуқуқи инсон дар минтақа ва ӯҳдадориҳое, ки ҳукуматҳои Қазоқистон ва Қирғизистон бар дӯш гирифтаанд, таҳқиқ намуданд.

– Мо умеди калон дорем, ки ин ташаббус ба кори рушди устувори кишварҳои мо хизмат хоҳад кард, – хулоса кард ҳуқуқшинос.

Директори Бюрои ҳуқуқи инсон Денис Ҷивага ба аҳамияти муколама миёни ҳуқуқшиносони Осиёи Марказӣ ва муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ишора кард. Ба ақидаи ӯ, вазъи сиёсӣ дар солҳои охир умеди зиёд барои беҳбуди воқеии вазъи ҳуқуқи инсон боқӣ намегузорад, вале муколама дар ин замина умуман имконпазир ва зарур аст. Ҳамчунин зарур аст, ки имкониятҳои ташвиқи қарорҳои созанда, ки метавонанд ба беҳтар шудани вазъ мусоидат намоянд, истифода бурда шаванд.

Шарикони мо